Даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон амр содир намуд. Қарор аст, ки ин иҷлосия рӯзи 12-уми июн баргузор шавад.

Ба баррасии иҷлосия Қонунҳо «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон", «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» пешниҳод шудаанд.