Ширкати “Барқи Тоҷик”ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки дар ояндаи наздик Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури Эрон дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз чархаи дуввум ва охирини ниругоҳи “Сангтӯда-2” ширкат хоҳанд кард.
Ин манбаъ илова мекунад, ки бо назардошти интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ки 14 июн баргузор хоҳад шуд, ба эҳтимоли зиёд маросими баҳрабардорӣ аз чархаи дуввум ба таъхир хоҳад афтод.
Чархаи аввали ниругоҳи “Сангтӯда-2” 5 сентябри соли 2011 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинежод ба истифода дода шуда буд.
Дар сурати фаъолияти ҳар ду чарха ин ниругоҳ метавонад соате 220 мегаватт нируи барқ тавлид кунад.