Музокироти мухолифони Сурия дар Истамбул ба поён мерасад

Музокироти мухолифони Сурия дар Истамбул

Музокироти мухолифони Сурия дар Истамбул

Мухолифони режими Сурия дар ғурбат охирин рӯзи музокироти худро идома медиҳанд. Ин музокироти серӯза рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз шуда буд.
Дар ин музокирот Шӯрои Миллии Сурия тасмим хоҳад гирифт, ки дар музокира бо намояндагони режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ширкат ҷӯяд ё хайр.

Амрико ва Русия аз пешниҳод дар бораи қатъи ҷанги бештар аз дусола дар Сурия ҷонибдорӣ мекунанд. Дар даргириҳо бештар аз 80,000 нафар ҷон бохтаанд. Вашингтону Маскав умедворанд, ки моҳи июн дар Женева роҷеъ ба Сурия конфронси сулҳ баргузор кунанд.

Рӯзи ҷумъа Русия ва ҳукумати Сурия усулан ба тавофуқ расиданд, ки дар музокироти Женева ширкат мекунанд. Намояндагони мухолифони Сурия, ки дар Туркия машғули музокира мебошанд, мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд онҳо низ дар ин муокирот ширкат хоҳанд ҷуст.