Дар як гузориши нави СММ таъкид шудааст, ки истеъмоли ҳашарот метавонад дар мубориза бо гуруснагӣ ва олудагии муҳити зист кумак расонад.
Дар гузориши Муассисаи ғизо ва кишоварзии СММ, ки рӯзи душанбе интишор шуд, омадааст: дар режими ғизоии беш аз 2 миллиард аҳолии рӯи олам ҳашарот саҳми бузург дорад.
Вале ҳамчунон муаллифони гузориш иброз доштаанд, ки нафрат ба ҳашарот-яке аз манбаъҳои асосии худдорӣ аз истеъмоли ҳашарот дар шуморе аз кишварҳои ғарбӣ мебошад.
Бар пояи гузориши СММ гамбуск, кирмак, занбури беасал ва навъҳои дигари ҳашарот дорои протеин буда, метавонанд ҳамчун манбаи хуби ғизо барои кӯдакони камғизову гурусна хидмат кунанд.
Муаллифони гузориш ёдовар шудаанд, ки ҳашарот дар ҳар гуна муҳит зиста, босуръат афзоиш ёфта ва ба муҳити зист зарари зиёд намерасонанд.