Якунин ва Ҳукуматуллоҳ: Мушкилот буд, вале ҳамааш дар гузашта монд

Владимир Якунин

Раҳбарони ширкатҳои роҳи оҳани Русияву Тоҷикистон мегӯянд, дигар мушкиле дар мавриди вагонҳои Тоҷикистон боқӣ намондааст.
Владимир Якунин ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раҳбарони ниҳодҳои роҳи оҳани ду кишвар дар нишасти матбуотии муштараке, ки имрӯз дар Душанбе дар пайи ҷаласаи раҳбарони ширкатҳои оҳани Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик баргузор шуд, сари ин нукта иттифоқи назар доштанд, ки мушкилот буданд, аммо ҳоло моли гузашта шудаанд ва ҳамкории онҳо идома пайдо хоҳад кард.

Раҳбарони роҳи оҳани Русияву Тоҷикистон ҳамчунин изҳороти Усмон Қаландаров, муовини раиси роҳи оҳани Тоҷикистонро дар бораи ин ки Русия мехоҳад бозори роҳи оҳани Тоҷикистонро ба монанди Қирғизистон ғасб кунад, рад намуданд. Онҳо гуфтанд, ки чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд ва ҳамкориҳо ба мисли пештара идома хоҳанд кард.

Владимир Якунин, ки пас аз мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ширкат дар ҳамоиши раҳбарони ширкатҳои оҳани Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, соҳили Балтик, Булғористон ва Финландия сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин ду маҳфил мушкили қаторҳои Тоҷикистон дар Русия баррасӣ нашудааст: «Ин масъалаи роҳиоҳанчиён аст. Мо онро миёни худ баррасӣ кардем ва ҳама корро хоҳем кард, ки вазъият сабаби шикоятҳо нашавад. Ҳарчанд зиёдаравиҳое, ки дар пайи ин ба намоиш гузошта шуданд, хеле бармало буданд.»

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, сарвари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ин мушкилот хоси тамоми қаторҳои Тоҷикистон нест, балки мавориди истисноӣ ва хоси як – ду бригада буданд. Вай афзуд, ин мушкил дар роҳҳои оҳани ду кишвар ҳамеша ҳаст: «Вақте комиссияи Русия тафтиш мекунад, агар ягон камбудӣ ёбад, моро хабардор мекунад ва мо зуд пайи ислоҳ мешавем. Ин камбудиҳо то ҳамон рӯзе, ки баромади ду мансабдори русро нишон доданд, буданд. Ин мушкилот дар ҳама ҷо ҳастанд, аз ҷумла Роҳи оҳани Русия. Аз куҷо пайдо шуд, ман намедонам. Аммо буданд мушкилот. Он рӯз ҳам мо ҷамъ шудем ва мушкиламонро ҳал кардем»

Владимир Якунин гуфт, масъалаи тафтиши ахири қатори Тоҷикистон дар Русия ва пешниҳоди қатъи ҳаракати қаторҳои ин кишвар дар нишасти дурӯзаи Шӯрои раҳбарони ширкатҳои роҳи оҳан ва ҳам дар мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон матраҳ нашудааст, балки ӯ ин мавзӯъро бо ҳамтои тоҷикаш Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ баррасӣ кардааст. Ӯ афзуд, онҳо тамоми корро хоҳанд кард, ки “ин вазъ мояи кадом сарзаниш нашавад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Яхҳо об шуданд?


Якунин аз посух ба суолҳо дар мавриди пешниҳоди қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон худдорӣ кард ва гуфт, шарҳи қарорҳову шеваи рафтори мансабдорони дигарро ба худ эб намебинад, балки вазифаи асосии онҳо ин аст, ки “мусофирон бо хадамоти босифату бароҳат таъмин шаванд ва нархи ин хадамот мутобиқ ба ин сифат бошад.”

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ гуфт, дар ҷараёни кор чунин мушкилот пеш меоянд, вале ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба муҷарради дарёфти иттилоъ, ин мушкилотро ислоҳ кардааст ва ҳоло байни онҳо “ягон мушкил боқӣ намондааст.” Раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон вазъи қаторҳои кишварашро нисбат ба хеле аз кишварҳои дигар беҳтар арзёбӣ кардааст.


Г.Онишенко ҳангоми тафтиши қатори Душанбе-Маскав

Ояндаи ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ба Русия моҳи гузашта, дар пайи як тафтиши ногаҳонии қатори Душанбе –Маскав дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Астрахани Русия аз сӯи муовини сарвазири он кишвар Дмитрий Рогозин ва сардухтури беҳдоштиаш Геннадий Онишенко доғ шуд. Мақомоти Русия дар пайи ин тафтиш таҳдид карданд, ки шояд масъалаи манъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба далели риоя нашудани меъёрҳои санитариро матраҳ кунанд.

Ин таҳдид ба вокуниши тунди мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ шуд, ки гуфтанд, Русия мехоҳад ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро аз ин бозор берун карда, худаш дар бозори мусофиркашии Осиёи Марказӣ монополист шавад. Вале бо каме фурӯ нишастани қаҳри ҷонибҳо мақомоти Русия танҳо бо манъи вагон-ресторан ва 5 вагони мусофиркашии қатори рӯзи 14 апрел тафтишшуда иктифо карданд.

Зимнан дирӯз гурӯҳи корие ки барои таҳқиқи вазъи қаторҳои Тоҷикистон дар пайи мавҷи ахирин интиқоди мақомот ва матбуоти Русия таъсис ёфтааст, иддаоҳои он ҷонибро сохтаву фармоишӣ номид. Ато Мирхоҷа, як узви ин гурӯҳ ба Озодӣ гуфт, бар хилофи иддаои ҷониби Русия, ки мегӯяд, мусофирони тоҷикро дар як шароити тоқатфарсои ғайрисанитарӣ мекашонанд, тафтиши онҳо вазъи қаторҳои ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро мӯътадил дарёфтааст.


Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе

Ҳамасола то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва умдатан ба Русияву Қазоқистон сафар мекунанд. Мусофирати 25 дарсади ин мардум тавассути қатори роҳи оҳан сурат мегирад. Аз хидмати қатор асосан онҳое истифода мекунанд, ки арзиши баланди чиптаи ҳавопаймо барояшон миёншикан аст.

Феълан нархи сафар бо қатор аз Душанбе то Маскав аз 1247 сомонӣ барои платскарт то 1621 сомонӣ барои куперо ташкил медиҳад. Ба иттилоъи Хадамоти муҳоҷират, аз 221 ҳазор муҳоҷири корие, ки Тоҷикистонро дар се моҳи соли ҷорӣ тарк кардаанд танҳо 15 ҳазораш бо қатор сафар кардаанд.

Дар солҳои қаблӣ қаторҳои мусофиркаш ба Русия аз Душанбе ва ҳам аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ҳаракат мекарданд. Феълан танҳо хаттсайри Душанбе-Маскав ва Хуҷанд- Маскав боқӣ мондааст, ки аввалӣ ҳафтаи 4 маротиба ва дувумӣ ҳафтае як маротиба ба роҳ медароянд.