Дар Олмон душманони евро ҷамъ мешаванд

Нусхаҳои китоби Тило Саратсин "Аврупо ба евро ниёз надорад"

Рӯзи якшанбе дар Берлин аввалин анҷумани ҳизби мухолифини евро доир мешавад. Ҳизби нави “Алтернатива барои Олмон” донишмандон ва соҳибкорони мухолифи пули умумиаврупоиро дар гирди худ ҷамъ кардааст. Онҳо мехоҳанд, ки Олмон аз евро рӯй гардонида, дар ин кишвар гардиши марки Олмон барқарор гардад.