Ҷангҷӯёни Толиб 13 сарбози афғонро куштанд

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба як посгоҳи низомии дурафтода дар шарқи кишвар 13 сарбозро куштанд. Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ҳамла ба посгоҳи мазкур дар ноҳия Нории вилояти Кунар наздик ба марзи Покистон субҳи ҷумъа ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи хабаргузории Франс Пресс, бештар аз 100 Толиби то дандон мусаллаҳ бо истифода аз хунпораандоз, посгоҳро тақрибан аз байн бурдаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта ва гуфтааст, ки дар он ҳамла дасти кам 15 сарбози давлат кушта шуданд. Моҳи гузашта Толибон 16 сарбози афғонро дар Вилояти Бадахшони Афғонистон кушта буданд.