Rolling Stones ба сафари ҳунарии ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад

Гурӯҳи машҳури бритониёвии Rolling Stones дар бораи омодагиҳо бузургтарин дар солҳои ахир сафари ҳунарияш хабар дод. Ин сафар дар чаҳорчӯби 50-солагии таъсиси гурӯҳ сурат мегирад, ки соли гузашта таҷлил шуд.

Қарор аст, консерти нахустини гурӯҳ, ки санааш ҳанӯз эълон нашудааст, чанд рӯз дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА идома кунад. 5 май Rolling Stones дар шаҳри Окленди аёлати Калифорния ва баъдан дар ҳашт шаҳри дигар, аз ҷумла, дар Торонто ва Лондон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Охирин сафари ҳунарии ҷаҳонии гурӯҳ солҳои 2005-2007 сурат гирифта буд ва аз 144 консерт иборат буд. Аз он сафари ҳунарӣ Rolling Stones 550 миллион доллар фойида гирифта буд.