HRW мақомоти озариро барои боздошти 7 ҷавони интиқод кард

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мегӯяд, мақомоти Озарбойҷон зоҳиран талош доранд аъзои як гурӯҳи ҷавонони фаъолро ба хамӯшӣ водор кунанд. Речел Денбер-муовини раиси Дидбони Ҳуқуқи Башар дар умури Аврупо ва Осиёи Миёна гуфт, боздошти ахири 7 нафар фаъолони ин гурӯҳ ба баҳонаи “доштани маводи мухаддир ва аслиҳа” нишон медиҳад, ки ҳукумат мехоҳад аз ин роҳ мунаққидони худро тарсонад ва онҳоро ба хамӯшӣ водор созад.

Ҳамаи 7 нафари боздоштшуда аъзои гурӯҳи “Нидо” мебошанд. Ин гурӯҳи мухолифони давлат дар шабакаҳои иҷтимоии матбуот фаъол мебошад. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, онҳо дар робита бо раҳпаймоии сулҳомези 10 март боздошт шудаанд.