Амри Башир ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ

Умар Башир

Раисиҷумҳури Судон Умар Башир ба раҳоии тамоми маҳбусони сиёсӣ амр кардааст. Башир дар гушоиши иҷлоси нави парлумони ин кишвари африқоӣ дар Хартум ба муколама бо мухолифини сиёсӣ, “аз ҷумла бо онҳое ки дар даст силоҳ доранд”, даъват кард. Ҳафтаи гузашта ноиби ӯ Алиусмон Таҳо дар нишасти хабариаш гуфт, бо беҳбуди равобит бо Судони ҷанубӣ маҳдудиятҳои сиёсӣ дар кишвар коҳиш хоҳанд ёфт. Судони ҷанубӣ соли 2011 тавассути райъпурсӣ мустақил шуд. Таҳо чирикиҳо дар вилоёти Кордофани ҷанубӣ ва Нил ва ҳамчун аҳзоби мухолифро ба муколама пиромуни Қонуни асосӣ хонд. Вале як эътилофи умдаи мухолифин ва гурӯҳи чирикии SPLM-N ин пешниҳодро радд карданд. Башир қаблан музокира бо чирикиҳоро қабул надошт.