Як вакили Думаи давлатии Русия хостори муҷозоти муҳоҷирони ғайриқонунӣ қабл аз ихроҷи онҳо аз кишвар шудааст.
Олег Нилов, вакил аз ҳизби “Русияи боадолат”, дар нишасти ахири палатаи поёнии парлумони Русия пешниҳод кард, ки ба қонуни муҷозоти маъмурӣ ҷазои нав - кори иҷбории муҳоҷирони ғайриқонунӣ илова шавад. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандӣ, ки аз сӯи додгоҳ дар нақзи қавонини муҳоҷирати Русия айбдор шудаанд, қабл аз ихроҷ бояд аз 120 то 200 соат кори ҳатмии иҷбориро анҷом диҳанд.
Сиёсатмадори рус ҳамчунин хостори он шудааст, ки ҷарима барои нақзи қонуни муҳоҷират лағв ва фақат як муҷозот – ихроҷ аз қаламрави Русия муқаррар шавад. Гуфта мешавад, ки гап сари муҳоҷирони коре меравад, ки дар поймолсозии қоидаҳои убур аз марз, дар халалдорсозии режим дар гузаргоҳ, дар нақзи қоидаҳои вуруд ва будубош ва дар фаъолияти кории бидуни иҷоза айбдор мешаванд.
Олег Нилов ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, пешниҳоди ӯ маблағи буҷаро, ки барои ихроҷи муҳоҷирони қонуншикан пешбинӣ шудааст, сарфа мекунад ва мизони содир кардани ҷиноятҳои сангин аз сӯи хориҷиҳоро коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, афроде, ки ихроҷ мешаванд, як муддат ба корҳои ҳатмӣ, аз қабили барфрӯбӣ дар зимистон ва партофтани ахлот дар тобистон машғул мешаванд ва ба ин васила маблағи билети бозгашт ба зодгоҳашонро пардохт мекунанд.
Аммо Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари Русия мегӯяд, пешниҳоди вакили Думаи давлатӣ баёнгари бесаводи ҳуқуқии ӯст, зеро яке аз бандҳои асосии Эъломияи ҳуқуқи башар ва Конвенсияи аврупоии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои аслӣ – манъи кори иҷборист. Ӯ меафзояд, ки “ба чӣ кор машғул будани вакилони Думаи давлатӣ маълум нест, бигирем, муҳоҷирон хиёбонҳоро тоза мекунанд, гул мешинонанд, биноҳо месозанд, онҳо чӣ? Аз ин рӯ, ман пешниҳод дорам, ки вакилони Дума қабл аз ҷаласаҳояшон як-ду соат ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд, ин ҳам барои шаҳру кишвар муфидтар мебуд ва ҳам ба заҳмати кӯчарӯбҳо ниёзе намемонд”.
Светлана Ганнушкина меафзояд, агар мақомоти Русия на дар бораи шадидтар кардани қавонини муҳоҷират, бали сари осонтар кардани қабул ва будубоши муҳоҷирон андеша мекарданд,беҳтар мебуд.Худи муҳоҷирон ҳам мегӯянд, шадидтар шудани қонунҳо боиси боло рафтани фасод миёни кормандони полису хадамоти муҳоҷирати Русия мегардад. Аз нигоҳи онҳо, аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ замоне метавон ҷилавгирӣ кард, ки муҳоҷир баъди вуруд ба Русия аз ташхиси тиббӣ гузарад ва дар касса барои муҷаввизи иҷозаи кор як ҳазор рубл супурда, аз пайи ҷустуҷӯи кор шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, дигар вакили Думаи давлатӣ Ирина Яровая ҳам қонуне дар робита ба муҳоҷирони корӣ таҳия кардааст, ки нахустин баррасии он аллакай баргузор шудааст. Вакил аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” мехоҳад, вуруд ба Русия барои ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ин пеш дар кишвари худ ё давлати дигар ҷинояте содир кардааст, манъ карда шавад, яъне, мақомоти Русия ҳама хориҷиҳоро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кунанд.
Бар пояи омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки соли гузашта нашр шуд, дар кишвар тақрибан 3 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, ки теъдоди аъзами онҳо шаҳрвандони Ӯзбакистон, Украина ва Тоҷикистонанд.