Ба гуфтаи оқои Ашӯр, Каримов худ то ҳол касеро расман вориси худ эълон накардааст, вале дар маҳофил духтари ӯ Гулнора ва ҳамин тавр, сарвазир Шавкат Мирзиёев ва вазири молия Рустам Азимовро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раҳбарии Узбакистон дар сурати канор рафтан ё даргузашти Каримов медонанд.
Гулнора Каримова ахиран дар Twitter ба Рустам Азимов дарафтодааст, ки ба гуфтаи ӯ, назорати тамоми лоиҳаи муҳими иқтисодӣ дар кишварро ба дасти худ гирифта, аз ин ҳисоб сарватҳои бузург ҳам ҷамъ овардааст. Садриддини Ашӯр ин ҳамлаи катбиро низ аз аломатҳои шиддат гирифтани мубориза байни ворисони эҳтимолии Каримов мешуморад.
Аммо аз сӯи дигар, дар гузашта ҳам хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳати Ислом Каримов на як бору ду бор дар матбуот ба сайр даромада буд, ки баъдан бо зуҳури дигарбораи ӯ дар мазҳари омм радд мешуд. Садриддини Ашӯр аз ин нигоҳ мегӯяд, шояд хабари ахир дар бораи гӯё дучори сактаи қалб шудани Каримов низ навъе бозиест, ки худи Каримов коргардониаш мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад маълум кунад, ки оё кӣ дар дил орзуи расидан ба курсии ӯро дорад?
Ҳарчанд, Муҳаммад Солеҳ, аз мухолифони давлати Узбакистон дар хориҷ гуфтааст, ки хабари ахир дар бораи сактаи қалб шудани Ислом Каримов аз дохили маъмурияти ӯ ба даст омадааст ва назар ба хабарҳои қаблии раддшуда сиҳҳати бештар дорад.