Даҳ сол баъд аз ҳамла ба Ироқ
Вазири умури хориҷии Амрико далелҳои доштани аслиҳаи кимиёвӣ аз сӯи Ироқро ба Шӯрои Амнияти СММ пешкаш менамояд.
Нерӯҳои пиёдаргарди амрикоӣ дар Кувейт, омодаи ҳамла ба Ироқ ҳастанд.
Оғози ҷанг дар соати 5:20 дақиқаи бомдоди рӯзи 19-уми марти соли 2003.
Раиси ҷумҳури вақти Амрико оғози ҳамла ба Ироқро эълон кард.
Як ҷангандаи амрикоӣ аз як пойгоҳи ҳавоӣ дар Кувейт барои зарба задан ба Ироқ, дар ҳоли ҳоли парвоз аст
Бағдод дар оташ месӯзад. 20-уми марти соли 2003
Се соат баъд аз эълони ҳамла ба Ироқ, Саддом Ҳусейн мардуми кишварашро ба муқовимат даъват кард ва гуфт, ки Буши хурдӣ дар ҳаққи инсоният муртакиби ҷиноят шуд.
Бағдоди дар хоку хун, 20-уми марти соли 2003.
Сарбозони ироқӣ дар сангар. 20-ум марти соли 2003.
Сарбозони амрикоӣ дар ҳолати омодабош, пас аз он ки Ироқ ба Кувейт мушак партоб намуд. 20-уми марти соли 2003.
Қасри Раёсати ҷумҳури Ироқ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ. 21-уми марти соли 2003.
Нерӯҳои амрикоӣ барои тасарруфи Басра, аз қаламрави Кувейт вориди Ироқ шуданд.
Ҷуссаи як сарбози ироқӣ. 22-юми марти соли 2003.
Занони ироқӣ ба дифоъ аз Бағдод бархостаанд.23-юми марти соли 2003
Нерӯҳои пиёдагарди амрикоӣ вориди шаҳри Ан-Носирия шуданд.
Хокбод дар Бағдод. 25-уми марти соли 2003
Мардуми Басра ба дунболи даргириӣ миёни нерӯҳои ироқӣ ва бритониёӣ шаҳрро тарк мекунанд. 28-уми марти соли 2003
Нерӯҳои амрикоӣ дар яке аз толорҳои Кохи раёсати ҷумҳурии Ироқ, 7-уми апрели соли 2003.
Муҷассамаи Саддом дар Бағдод вожгун шуд. 9-уми апрели соли 2003.