Як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида масъулияти бомбгузории рӯзи 14 март дар «Минтақаи сабз»-и Бағдодро ба дӯш гирифт. "Давлати исломии Ироқ" гуфт, ҳадафи ҳамла «интиқоми занони суннӣ»-ест, ки дар зиндонҳои давлати таҳти раҳбарии шиъаҳо қарор доранд. Ҳамлаи зӯҳри панҷшанбе бо бомбгузориҳову ҷангиёни либоси пулис дар тан вазорати адлияи Ироқ дар маркази Бағдодро ба ҳадаф дошт.