Бонки ҷаҳонӣ ва нигоҳи нав ба шаҳрҳои масири "Роҳи Абрешим"

Майдони Регистон дар шаҳри Самарқанд.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, шаҳрҳои як замон рӯ ба тараққии АвруОсиё, ки дар масири «Шоҳроҳи абрешим» ҷойгир буданд, имрӯз баъди гузашти ҳазор сол ба азнавсозӣ ниёз доранд.
Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише бо унвони «Шаҳрҳои АвруОсиё. Роҳи абрешим: воқеияти ҷадид» менависад, ки таҳиягарони сиёсати иқтисодиро зарур аст тариқи беҳтарсозии тарҳрезиву иртиботот ва бахши экологиву маблағгузорӣ тағйир ва азнавсозии шаҳрҳоро ба роҳ монанд.

Индермит Гилл, иқтисоддони варзидаи Бонки ҷаҳонӣ дар умури манотиқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: «Мақомоти марказии тарҳрезӣ тавонистанд ба чанд натиҷа муяссар шаванд, ба мисли дастрасии содаву осон ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва хатҳои гармидиҳӣ, таъмини мунтазами дастрасӣ ба системаҳои обрасонӣ ва бунёди ҷамъиятҳои иҷтимоии муттаҳид.»

Аммо, ба таъкиди ҷаноби Гилл, дар баробари азнавсозии шаҳрҳо, маҳали зисти одамон ва омилҳое чун бозорҳо ва ниёзҳои сокинон ба назар гирифта нашудааст. Ин аст, ки ҷаноби Гилл мегӯяд, ба манзури устувории шаҳрҳои АвруОсиё мувозинати дуруст дар тарҳрезии иншоот як амри зарурист. Суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва рушди иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиё ба азнавсозии АвруОсиё ва дигаршавии мавқеи ҷуғрофии шаҳрҳои он таъсиргузор аст, ки имконоти наверо барои барқарорсозии "Роҳи абрешим" фароҳам оварда.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ вазъи шаҳрҳои 12 кишвари Шӯравии пешин, аз ҷумла, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки ҳамаи ин шаҳрҳо дар даврони «Шоҳроҳи абрешим» ба шарофати рушди бемайлони тиҷорати байналмилалӣ пешрафт доштанд. Аммо имрӯз бо таъсири тағйироти на чандон дури иқтисодиву сиёсӣ ва демографӣ, дар ин шаҳрҳо раванди азнавсозӣ ҷараён дорад.

Сулаймон Кулебалӣ, иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ ва муаллифи пешбари гузориш, бар ин назар аст, ки ба хотири рушди бемайлони азнавсозии ин шаҳрҳо тағйири назар ба чаҳор омили ба ҳам вобаста: барномарезӣ, иртиботот, зистшиносӣ ва маблағгузорӣ зарур аст.

Ин масъули Бонки ҷаҳонӣ муътақид аст, ки дар сурати бунёди нави «Шоҳроҳи абрешим», он бояд аз ду самт амалӣ шавад: дар масири Шимол-Ҷануб бо пайвасти Русия ба Ҳинд ва дар масири Шарқ-Ғарб бо пайвасти Чин ба Иттиҳодия Аврупо.