2 кӯшиши интиқоли героин пешгирӣ шуд

Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе 2 кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро дар ҳаҷми 2 кило пешгирӣ карданд.

Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳангоми тафтиши борҳои мусофири хатсайри Душанбе-Новосибирск аз сӯи кормандони гумрук дар дохили қуттии меваҳо 1 кило героин дарёфт шуд. Инчунин, аз ҷониби гумрукчиён ҳамин миқдор героин зимни тафтиши як мусофири хатсайри Душанбе-Маскав низ ошкор гардид.

«Аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», - мегӯяд манбаъ.