Маликаи Бритониё Елизаветаи дуюмро баъди 24 соати табобати зукоми шикам аз бемористони Лондон ҷавоб доданд. Маликаи 86-сола барои бори аввал дар 10 соли охир рӯзи 3 март ба бемористон уфтод. Елизаветаи ду мебоист рӯзҳои 6 ва 7 март ба Рум сафар мекард, вале тамоми барномаҳои ӯ дар ҳафтаи ҷорӣ ба далели маризӣ лағв шудаанд.