Дар шаҳри Ҳирошимаи Яаония ё худ Ҷопон дастаи футболи Бунёдкори Узбакистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи маҳаллии Санфрессеро шикаст дода, дар гурӯҳи G-и Ҷоми қаҳрамонони Осиё ба ҷои аввал баромадааст. Бунёдкори Тошканд дар поёни қисмати аввали қуваозмоӣ тӯби аввал ва дар дақиқаи 86-уми бозӣ тӯби дуюмро ба ҳадаф расондааст.