Додгоҳи Остона фаъолияти гурӯҳи исломии Ҷамоати Таблиғро манъ кард. Додситонии кулли Қазоқистон имрӯз эълон кард, ки ин гурӯҳ ифротӣ эътироф шуд ва тамоми фаъолиятҳояш ғайриқонунӣ эълон мешавад. Ҷамоати Таблиғ ҳанӯз соли 1926 дар Ҳинд таъсис ёфта, худро як созмони сулҳомез ва дур аз сиёсат муаррифӣ мекунад. Дар солҳои охир фаъолияти он дар Русияву Тоҷикистон ва Узбакистон низ манъ шуд. Дар Тоҷикистон даҳҳо пайрави ин гурӯҳро ба зиндон ҳам кашонданд.