Дар як таркиши бомб дар шимолуғарби Покистон 10 тан куштаву беш аз 20 каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, таркиш рӯзи ҷумъа дар Калоя – бузургтарин шаҳри минтақаи қабиланишини Оракзай дар наздикии марзи Афғонистон рух дод. Масъулияти ҳамларо касе ба дӯш нагирифтааст. Оракзай яке аз 7 минтақаи қабиланишин дар ҳошияи марзи Покистону Афғонистон аст, ки аз пойгоҳҳои ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида шумурда мешаванд.