Ин шаҳрак то 2,5 соли дигар дар наздикии фурудгоҳи Колтсово, ки алакай макони як хобгоҳи муҳоҷирон аст, қомат хоҳад афрохт. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз бунёди ин шаҳрак танзими маҷрои афзояндаи муҳоҷират ва эҷоди шароити муносибтари кору зиндагӣ барои ин тоифа аст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷамъиятҳои миллии минтақаи Урал изҳори нигаронӣ мекунанд, ки мабодо чунин шаҳракҳои алоҳида барои мардуми муҳоҷир мисли гетто ё резерватсия шаванд.
Роҳи ҳалли мантиқӣ
Сохтани шаҳраки алоҳидаи муҳоҷиронро Семён Белкин, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии мавсум ба “Маркази ягонаи муҳоҷират”-и вилояти Свердловск пешниҳод кардааст. Cомонаи Smartnews.ru аз Белкин нақли қавл мекунад, ки гуфтааст: “Биёед, ба рӯи ҳақиқат нигоҳ кунем - рӯзи мо на имрӯз ва на фардо бе муҳоҷирон нахоҳад гузашт. Моро маҷрои дастҳои нави корӣ дар пеш аст. Ва ҳар қадар ин маҷро муназзам бошад, барои ҳама осонтар хоҳад шуд. Як роҳи ҳалли аз ҳама мантиқӣ, ба назари ман, бунёди шаҳраки махсуси муҳоҷирон аст, ки битавонем ҳар масъалаи пешомадаро дар ҷояш ҳалл кунем. Ва бояд гуфт, ки ин ибтикори мо нест. Ба зудӣ дар чандин минтақа чунин шаҳракҳо пайдо хоҳанд шуд.”
Вилояти Свердловск, ки дарвозаи Уралу Сибир ба шумор меравад, бо 4,3 миллион ҷамъияташ танҳо дар як соли гузашта ба 186 000 муҳоҷири хориҷӣ кору макон додааст. Бино ба омори расмӣ, шумори муҳоҷирон дар ин вилоят назар ба як соли қабл 28,3 дарсад афзудааст. Аммо оморҳои ғайрирасмӣ шумори муҳоҷирони хориҷӣ дар Свердловскро хеле бештар баровард мекунанд ва ба ҳисоби ҷамъияти тоҷикони минтақа, танҳо шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин вилоят дастикам 100 000 нафарро ташкил мекунад.
Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Свердловск, ки раҳбари Анҷумани ҷамъиятҳои милливу фарҳангии ин вилоят ҳам ҳаст, ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди сохтани шаҳраки алоҳидаи муҳоҷирон чанд сол боз дар минтақа матраҳ мешавад, вале то ҳол аз сатҳи пешниҳод фаротар нарафтааст: “Пешниҳод ҳаст. Резерватсия неву мехоҳанд шаҳрчаҳо барои муҳоҷирони корӣ ташкил кунанд. Лекин аксари мардум дастгирӣ надорад ин пешниҳодро. Як пешниҳоди хом аст. Суханҳои хуб гуфтагианд, лекин мақсадашон дигар аст.”
Биржа ё гетто?
Ба навиштаи smartnews.ru, нахустин тарҳи бунёди шаҳраки муҳоҷирон дар Екатеринбург ҳанӯз дар соли 2004 тасвиб шуда, барои сохтанаш 40 миллион рубл ҳам масраф шуд. Вале то имрӯз дар маҳалли шаҳраки оянда дар канори фурудгоҳи Колтсово барои муҳоҷирон танҳо як хобгоҳ сохтаанду бас.
Аммо мояи нигаронии Фаррух Мирзоев ва ҳомиёни дигари ҳуқуқи муҳоҷирон аз эҳтимоли дар чордевори шаҳракҳои қавмӣ ё ба истилоҳ, гетто, бастани муҳоҷирон аст, ки бархе гурӯҳҳои қавмгарои Русия ба он исрор меварзанд. Фаррух Мирзоев мегӯяд: “10 сол қабл пешниҳоди худи ҷамъиятҳои қавмӣ буд. Як ташаббускораш мо, ҷамъияти тоҷикон, будем, ки як шаҳрча барои муҳоҷирон ташкил кунем. Лекин на барои он ки дар онҷо ҳамчун дар резерватсия ё гетто зиндагӣ кунанд. Ҳамчун биржа марказе бошад, ки муҳоҷирон биоянду дар ҳамонҷо ҳам маълумот гиранд, ҳам тамоми ҳуҷҷатҳои лозим барои қонунӣ гардондани кору зиндагиашон дар Русияро дар як ҷо дуруст кунанд. Вале на ба мақсаде ки дар якҷо зиндагӣ кунанд ҳамаи муҳоҷирон.”
Дар чанд минтақаи дигари Русия низ айни пешниҳод матраҳ мешавад. Шаҳрдори собиқи Маскав Юрий Лужков, барои мисол, ҳанӯз дар солҳои 90 ба таҷзияи артиши бузурги муҳоҷирони хориҷӣ дар шаҳракҳои назири “Чайна-Таун”, ё “Ханойи хурд” исрор меварзид, вале ин барномаро ба амал бароварда натавонист.
Дар матбуоти Русия бисёр вақт афзоиши ҷиноёту беқонуниро ба номи муҳоҷирон мебанданд, ки ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, ба хотири сохтани фикри зидди муҳоҷирон дар зеҳни мардум аст. Додситони Маскав Сергей Куденеев аз ҷумла гуфтааст, дар пойтахти Русия ҳар мавриди дувуми таҷовуз ба номус, ҳар мавриди севуми ғоратгарӣ ва ҳар панҷумин кушторро муҳоҷирон содир мекунанд. Аммо Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия қаблан гуфта буд, бо онки 10 миллион муҳоҷир баробари 7 дарсади аҳолии ин кишвар аст, танҳо 3,4 фоиз аз ҷамъи ҷиноятҳо дар Русия бо дасти мардуми омад содир мешавад ва он ҳам бештар ҷиноёти сабуке, чун тақаллуби асноди марбут ба сабтином ё муҷаввизи кор.
Бино ба як назархоҳии ВСИОМ, 77 дарсади мардум дар Русия тарафдори ташдиди қонунҳои муҳоҷират ва эъмоли муҷозоти ҷиноӣ барои нақзи қоидаҳои сабти ном дар ин кишвар будаанд. 75 дарсад гуфтаанд, худи қоидаҳои сабти номро ҳам бояд шадидтар кард. Бо ин ҳама, 79 дарсад аз 1600 нафари пурсидашуда дар ин назарсанҷӣ мухолифи пайдо шудани маҳаллаҳои бастаи қавмӣ будаанд.
Баҳси бунёди шаҳракҳои алоҳида барои муҳоҷирон дар Русия дар ҳоле дар забонҳо уфтодааст, ки рӯзи 8 феврал Тоҷикистону Русия созишнома дар мавриди шароити будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русияро имзо карданд. Ин қарордод аз ин ба баъд ба муҳоҷирони тоҷик барои сабти ном дар Русия ба ҷои 3 рӯз 15 рӯз фурсат медиҳад. Ҳамасола то 1 миллион атбоъи Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Соли гузашта асосан аз ҳисоби муҳоҷирон ба Тоҷикистон 3,8 миллиард доллар пул таҳвил шудааст, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст.