Як созмондиҳандаи бамгузории интиҳории метрои Маскав кушта шуд

Марде, ки барои даст доштан ва ташкили ду бамгузории интиҳорӣ дар метрои Маскав дар соли 2010 дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар Доғистон кушта шуд.

Кумитаи миллии зидди террористии Русия рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки Ҳусейн Муҳаммадов қабл аз ҳамлаи интиҳорӣ дар метрои Маскав яке аз ду зани бамгузори интиҳориро ҳамроҳӣ кардааст.

Ҳусейн Муҳаммадов дар ҷараёни амалиёти вижа дар наздикии деҳаи Қодиркент кушта шудааст. Дар бамгузориҳои ду истгоҳи метрои Маскав 39 нафар кушта, 88 нафар маҷруҳ шуда буданд.