Аҳолии Тоҷикистон ба 8 миллион нафар расид

Тибқи иттилои расонаҳои расмӣ, ҳашт миллионумин сокини Тоҷикистон ба дунё омадааст. Тибқи иттилои Телевизиони Тоҷикистон, навзоди ҳаштмиллионнафарии Тоҷикистон соати ҳафти субҳи рӯзи панҷуми феврал дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт ба дунё омада ва ӯ ба як хонаводаи тоҷик истиқоматкунандаи маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахт таалуқ доштааст.

Сокини навзоди ҳаштумиллионнафари Тоҷикистон духтар буда 2 килову 700 грам вазн дошта, қоматаш ба 48 сантиметр баробар мебошад ва пизишкон саломатии ӯро хуб арзёбӣ мекунанд. Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2013 ба 7 миллиону 984 ҳазору 800 нафар баробар будааст. Интизор меравад, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба ин хонаводаи соҳиби сокини ҳаштмиллионафараи Тоҷикистон, як хонаи дуҳуҷрадор тақдим карда шавад.