Раҳбарони мухолифини Сурия аз режими президент Башор Асад хостаанд, то ба пешниҳоди онҳо барои музокироти сулҳ посух диҳад. Аҳмад Муоз Хатиб – раҳбари Эътилофи миллии Сурия гуфт, ҳадаф аз ин пешниҳод хатми хунрезӣ ва “кумак ба табдили осоиштаи режим” аст. Ӯ ба телевизиони Ал-Ҷазира гуфт, “тӯб ҳоло дар ҷониби режим аст ва онҳо хоҳанд гуфт, ки ҳа ё не.” Хатиб пешниҳоди гуфтугӯро ҳафтаи гузашта дод.Моҳе пеш Асад низ гуфт, хоҳони гуфтугӯ бо мухолифин аст, вале гурӯҳҳое, чун Эътилофи Хатибро барои ҳимояташон аз чирикиҳо истисно кард.