Маросимҳои Волгоград дар робита бо солгарди муҳорибаи Сталинград

Мамаева Курган ё баландии Мамаев дар Волгоград

Рӯзи шанбе шаҳри Волгогради Русия 70-ӯмин солгарди пирӯзӣ дар муҳорибаи Сталинградро дар ҷараёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҷашн гирифт. Пирузӣ дар ин муҳорибаро гардише дар ҷанги ҷаҳонии дуввум арзёбӣ мекунанд.

Дар маросимҳои шаҳри Волгоград Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия низ ширкат дошт. Дар маросиме дар Мамаева Курган як лавҳаи ёдгорӣ боз шуд, ки дар он номи ҳазор нафар муҳофизони шаҳр сабт шудааст.