ИМА ба милисаи тоҷик 7 мошин тақдим кард

Сафорати ИМА дар Душанбе

Сафорати ИМА ба гурӯҳои таъйиноти хос (ОМОН)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳафт мошини хидматӣ тақдим кардааст. Хабаргузории Азияи Плюс аз қавли вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 30 январ генерал-майор Саид Ҷурахонов-муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ходимони сафорати ИМА-ро дар пойгоҳи ин гурӯҳ меҳмондорӣ намуд. Вазорати корҳои дохилӣ изҳор намудааст, ки кумаки сафорати Амрико барои ташкили шароити беҳтари ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо ва мубориза бо ҷинояткорон истифода хоҳад шуд.