Афроди мусаллаҳ дар шимолуғарби Покистон ба кормандони маъракаи эмкунӣ аз фалаҷи кӯдак ҳамла бурда, як афсари пулисро, ки ин гурӯҳро ҳамроҳӣ мекард, куштаанд. Ин ҳамла имрӯз дар рустои Қалъаи вилояти ошӯбзадаи Хайбар-Пахтунхва рӯй додааст. Пулис мегӯяд, ду марди эмгар ҳамроҳ бо афсари амниятӣ ба хотири эм кардани кӯдакон дар ба дар мегаштанд, ки ҳадафи ҳамлаи се мусаллаҳ қарор гирифтанд. Касе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Моҳи гузашта дар Покистон 9 ходими маъракаи эмкунӣ аз фалаҷи кӯдак кушта шуда буд. Покистон ва Афғонистону Нигерия танҳо 3 кишвари дунёянд, ки ба шуйюъи бемории фалаҷи кӯдак рӯбарӯ мебошанд.