21 январ Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дастур дод, ки қарордоди миёни Маскаву Душанбе дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ба имзо расад.
Дар ин дастур омадааст, ки Хадамоти Федеролии Русия бо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора музокира анҷом диҳад ва дар сурати ба даст омадани тавофуқи ҷонибҳо қарордодро Хадамоти Федеролии Муҳоҷират бо ҷониби Тоҷикистон имзо кунад.
Агар тағироте пеш ояд, он бояд бо иҷозаи ҳукумати Русия ба қарордод ворид шавад.
Тибқи қарордоди пешбинишуда шаҳрвандони Тоҷикистон мисли пеш на 5 рӯз, балки 15 рӯз метавонанд бидуни сабти ном дар қаламрави Русия иқомат кунанд.