Мақомоти Русия мегӯянд, танҳо 3,4 дарсади ҷиноятҳо дар ин кишварро муҳоҷирони хориҷӣ содир мекунанд ва он ҳам асосан ҷиноёти марбут ба тақаллуби аснод. Константин Ромодановский – раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия - ба Интерфакс гуфтааст, мизони ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон назар ба 3,5 дарсади як соли пеш ҳатто каме коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин мақом, Узбакистон дар Русия беш аз 2 миллион муҳоҷир, Украина – 1,3 миллион ва Тоҷикистон беш аз 1 миллион муҳоҷир дорад, ки аксар бидуни муҷаввизи кор ё патент кор мекунад. Ба ҳисоби ӯ, танҳо 27 дарсад ё 271 500 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба таври расмӣ кор мекунанд.