"Ховарон" об надорад. Чаро?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бештар аз ду ҳафта аст, ки аксари сокинони маҳаллаи «Ховарон»-и пойтахт аз оби нӯшиданӣ маҳруманд. Боздид аз ин минтақа низ собит кард, ки дар ин сардиҳо мардум барфу яхро дар дегҳо меҷӯшонанд ва аз он оби ошомиданӣ мегиранд.