Сурхакон иллати марги 306 тифли покистонӣ шудааст

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, бемории сурхакон дар соли 2012 дар Покистон иллати марги 306 кӯдак шуд. Сухангӯи ин созмон Марям Юнус дар Карочӣ гуфт, ин дар муқоиса бо 64 тифле, ки дар соли қаблӣ аз ин маризӣ фавтиданд, ба маротиб бештар аст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт иллати афзоиши бакарати мавридҳои ҳалокати атфол аз сурхаконро нагуфтааст, вале як мақоми маҳаллӣ гуфт, иллат ин аст, ки хонаводаҳои фақир кӯдакони худро эм намекунанд. Бисёри покистониҳо, бахусус дар манотиқи рустоӣ маъракаҳои эмкуниро тавтиъаи Ғарб ба хотири безурёт кардани мусалмонон мегуморанд. Моҳи декабр 9 ходими тиббӣ, ки покистониҳоро аз бемории фалаҷи кӯдак эм мекарданд, аз сӯи ҷангиёни мухолифи ин маърака кушта шуданд.