Лукашенко аз Қирғизистон хост, нафақаи Боқиевро бидиҳад

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус аз мақомоти Қирғизистон хост, ҳаққи бознишастагии Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро, ба ҳисобаш бифристанд. Александр Лукашенко дар дидоре бо гурӯҳе аз аъзои Маҳфили сардабирони кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд, соҳили Балтик ва Гурҷистон гуфт, «Инсон (Боқиев) зиндагӣ дорад, ҳаққи нафақашро ба ҳисобаш ба инҷо фиристед, зоҳиран ба номаш мегузаронанд, аммо намефиристанд.» Ӯ бо хитоб ба як хабарнигори қирғиз гуфт, «Магар Боқиев ба шумо лозим аст?». Александр Лукашенко афзудааст, «Ин одам кишварашро тарк кардааст, бачаҳои зебо дорад» ва онҳо дар замони кӯтоҳе забони белорусиро ёд гирифтаанд. Раиси ҷумҳури Белорус бо ёдоварӣ аз ошӯбҳои соли 2010 дар Қирғизистон, ки сабаби фирори Қурмонбек Боқиев аз кишвараш шуда ва гуфтааст, агарчӣ Боқиев на дӯсти ӯ, балки дӯсти Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия буд, аммо дар он вақт ба Боқиев ба ӯ занг зад ва гиря кард, ки «Бачаҳои маро аз ин ҷо бубар.» «Ман гуфтам, бо бачаҳоят биё.« Қирғизистон борҳо аз Ҷумҳурии Белорус, хостааст, ки Қурмонбек Боқиевро, ки дар ватанаш ба ҷиноятҳои сангине муттаҳам мекунанд, ба Бишкек истирдод кунад, аммо ҷавоби рад гирифтааст.