Парвандаи ҳалокати нонвойҳои тоҷик ба додгоҳ рафт

Додгоҳи вилояти Маскави Русия ба муҳокимаи парвандаи Рафик Маркариён бо иттиҳоминақзи қоидаҳои муҳоҷират ва қоидаҳои зидди сӯхтор, ки мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шудааст, шурӯъ мекунад. Шоми 19 феврал бар асари таркиши балони газ дар корхонаи нонпазии мутааллиқ ба Маркариён дар шаҳраки Горки-25-и ноҳияи Дмитрови вилояти Маскав 8 нафар ҷон бохта, 13 коргари дигари ин муассиса ҷароҳат бардоштанд. 4 тан аз кушташудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва 4 тани дигар атбоъи Арманистон буданд.