Мақомоти расмии Тоҷикистон худро барои “истинтоқ” дар Кумитаи алайҳи шиканҷаи Созмони Милал омода мекунанд.
Дар нишасте, ки аз 29-уми октябр то 23-юми ноябр дар Женева баргузор мешавад, ҳукумати Тоҷикистон доир ба он гузориш медиҳад, ки аз соли 2007-ум то соли 2010-ум дар заминаи маҳви шиканҷа чӣ корҳое анҷом додааст.
Аммо аз намояндагони ҳукумат на танҳо дар робита ба қазияҳои солҳои пеш, балки аз қазияҳои ахири шиканҷа дар Тоҷикистон низ суол хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар бораи парвандаи Сафаралӣ Сангов, сокини шаҳри Душанбе, ки соли 2011-ум ба гуфтаи хешовандонаш, баъд аз латукӯби бераҳмонаи маъмурони пулис даргузашт. Додгоҳ ин афсаронро танҳо бо гуноҳи “хунукназарӣ” ҷазо дод.
Суоли сахти дигари Кумитаи Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) аст, ки гӯиё моҳи январи соли 2011-ум дар натиҷаи амалиёт алайҳи гурӯҳҳои тундрав дар водии Рашт кушта шуд, аммо дертар наворе рӯи интернет омад, ки нишон медиҳад, Аловуддин Давлатовро маъмурони амниятӣ дар дохили мошин бо лаҳни дуруште бозпурсӣ мекунанд.
Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа дар пурсишномаи расмӣ аз ҳукумат хостааст, ба ин қазияҳо рӯшанӣ андозанд ва ҳамингуна дар бораи қазияи Баҳромиддин Шодиев, сокини шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи модараш бар асари латукӯби бераҳмонаи маъмурони милиса ҷон дод. Дар суолномаи Кумитаи Созмони Милал, ки дар торнамои он нашр шудааст, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки қазияи Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ диҳанд, ки ба гуфтаи худаш, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ӯ бадрафторӣ карда, аз ҷумла сигори сӯхтаро ба баданаш мондаанд.
Дар нишасти Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа ҳамчунин хоҳанд пурсид, ки барои чӣ то кунун қазияи Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бетаҳқиқ мондааст ва омилони латукӯби ӯ дар феврали соли 2011-ум ба ҷазо кашида нашудаанд. Дар ин суолномаи Кумитаи Созмони Милал чандин қазияи дигари шиканҷаи боздоштшудагон ва ё муттаҳамон ба ҷиноят ва ҳамчунин ҳалокати сарбозон дар артиш зикр шуда ва аз мақомот хоста шудааст, сабабҳои ин ҳамаро шарҳ диҳад ва ҳамчунин бигӯяд, ки оё ба касе аз қурбониёни шиканҷа ҷуброн додааст, ё на.
Давлати Тоҷикистон гуфтааст, аз соли 2007-ум то соли 2009-ум бештар аз 170 нафарро бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ҷазо додааст ва бештар аз 700 нафар ҳам ҷазои маъмурӣ гирифтаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури мубориза алайҳи шиканҷа гуфтаанд, мақомоти интизомии Тоҷикистон, барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳе, муттаҳамон ва ё боздоштшудагонро азияту шиканҷа мекунанд ва бояд ба ин таҷриба дар кишвар хотима дода шавад.