Задухӯрд дар марзи Қирғизистону Узбакистон. Ду кушта ва 6 захмӣ

Марзи Қирғизистон ва Узбакистон дар вилояти Ӯш. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи зудухӯрди мусаллаҳона дар як минтақаи марзӣ миёни Узбакистону Қирғизистон як марзбони узбак ва як марзбони қирғиз кушта шуд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, табодули оташ миёни ду гурӯҳ рӯзи сешанбе дар назди деҳаи қирғизии Булоқ-Бошӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ба қавли ҳамин манбаъ, сокинони деҳкадаи наздимарзии Қирғизистон бо сарпечӣ аз ҳушдори марзбонони қирғиз саъй доштанд, қитъаи роҳро дар минтақае таъмир кунанд, ки то ҳол аломатгузорӣ нашудааст. Тирпарронӣ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки қирғизҳо ба ҳушдори марзбонҳои узбак низ эътибор надоданд ва аз пайи кори худ шуданд. Дар натиҷа як марзбони қирғиз кушта ва ду сокини мулкӣ захмӣ шуданд.

Мақомоти амниятии Узбакистон мегӯянд, дар ин бархӯрд як марзбони узбак низ ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигари ин кишвар захм бардоштаанд.

Шоми чоршанбе сӯҳбате доштам бо муовини вазири умури дохилии Қирғизистон генерал майор Курсан Асанов ва аз ӯ пурсидам, ки деҳаи Булоқ Бошӣ баъди тирпарронии рӯзи сешанбе дар чӣ ҳол аст?

Курсан Асанов: Бале, ин ҳодиса дар вилояти Ҷалолобод ба вуқӯъ пайваст. Ҳозир вазъи сиёсиву иҷтимоии ин минтақа ором аст. Даро иртибюот бо ҳодисаи рӯзи сешанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Воқеан дар он ҷо куштори ҷой доштааст. Ба фикрам дар он ҷо як комиссияи махсусе ҳам ташкил мешаваду тафтиши хидматӣ мегузаронад."

Радиои Озодӣ: Вале дар ҷумҳури Узбакистон хулосаҳои маъмурӣ бароварда шудаанд.Рӯзи сешанбе фармондеҳи нерӯҳои марзбони Узбакистон Руслан Мирзоев аз мансабаш барканор шуд. Оё ин иқдом метавонад шаҳодати амали нодурусти марзбонони Узбакистон бошад?

Курсан Асанов: Ман наметавонам ба иқдомҳои ҷумҳурии ҳамсоя баҳо диҳам, зеро ин кори дуруст нест. Вале хуб, ниҳодҳои махсус бо тафтиши ин ҳодиса машғул шуда, баҳои ҳуқуқии муносиби онро пешкаш хоҳанд кард. Ман ҳаминро метавонам гӯям, ки феълан дар вилоятҳои Ботканду Ӯшу Ҷалолобод вазъ ором аст. Ҳамчунон дар шаҳри Ӯшу дигар ноҳияи марзӣ мавриди нигаронӣ нест.

Радиои Озодӣ: Вале чанд ҳафта пеш мо дар бораи гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон иттилоъ гирифта будем. Ҳозир вазъ дар деҳоти назди марзи Қирғизистону Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Курсан Асанов: Масъала комилан ҳал шудааст. Ҳеҷ мушкиле набояд эҷод шавад. шумо ба фикрам ҳамон ҳодисаи чанд рӯз пешро дар назар доред, ки ҳалли худро ёфтааст. Дар иртибот бо гаравгонгирӣ мо парвандаи ҷиноӣ боз кардаем, таҳқиқи ин ҳодиса аз тарафи Кумитаи амнияти миллӣ ҷараён дорад ва агар хато накунам, шаш шаҳрванди Қирғизистон, ки бо гаравгонгирӣ муттаҳам мебошанд, дастгир шудаанд.