Ҳушдор аз гармо. Вахшонзамин метасфад...

Мутахассисони риштаи беҳдоштии вилояти Хатлон аз сокинон ва меҳмонони Вахшонзамин даъват мекунанд, ки дар мавсими гармо аз гаштугузори бидуни зарурати хос дар кӯчаю хиёбонҳо дар фосилаи аз қиёми рӯз то соати 18:00 худдорӣ кунанд.
Майсара Маҳмудова, пизишки Маркази саломатии шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ба сабаби якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво, шумораи афроди мубтало ба бемориҳои сироятӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ба иддаои ӯ, дар пайи гаштугузори зиёд дар ҳавои гарму зери офтоб бемориҳои шадиди рӯдаю меъда, домана, холера, дарунрав, баландшавии ҳарорати бадан, қайкунӣ, бемадорӣ, фишорбаландӣ, дарди қалб, чашм, сар ва аллергияи пӯсти бадан метавонанд шиддат бигиранд.

«Ҳоло ҳарорати ҳаво бисёр баланд аст. Одамоне, ки зиёд зери шуои офтоб мегарданд, ба «солнечний удар» дучор шуданашон мумкин. Бояд бештар бо кулоҳ гашт, либоси пахтагӣ ва рангаш сафед пӯшидан лозим, маҳсулоти ширӣ, сабзавот, тарбуз ва дигар меваҷотро бештар бояд истеъмол кард. Аммо нӯшидани чой ва обро бояд камтар кард. Зеро аз сабаби бисёр нӯшидани об

Майсара Маҳмудова

тамоми оҳани организм шуста мешавад ва як сабаби афзоиши бемории камхунӣ, ки ба мушоҳида мерасад, маҳз ҳамин чиз мебошад. Хуллас, гигиенаро риоя карда, бояд ба саломатии худ ва атрофиён бештар мутаваҷчеҳ буд», - мегӯяд Майсара Маҳмудова.

Сарфи назар аз тавсия ва ҳушдорҳои пизишкон, ҳазорон нафар дар водии Вахш рӯзона машғули кор дар ташкилоту муассисаҳо, дар саҳро, дар бахши тиҷорату сохтмон ҳастанд. С. Рустам, корманди яке аз муассисаҳои давлатӣ, мегӯяд, агар ҳам кодекси меҳнати Тоҷикистон 8 соати корӣ дар як рӯзро муқаррар кардааст, мебояд дар фасли гармо қоидаҳои истисноӣ қабул шуда, вақти корӣ субҳ аз соати 7 то 12 ва аз соати 15 то 18-и баъд аз зӯҳр таъин гардад, то дар се соати гармои шадиди нисфирӯзӣ кормандон таътил дошта бошанд.

Санам Рӯзиева, соҳибкоре аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки дар беш аз 40 соли охир дар ин минтақаи табиатан гарми Тоҷикистон умр ба сар мебарад, ҳанӯз ҳам организмаш ба ин ҳарорати баланди ҳаво мутобиқ нашуда, дар фасли тобистон одатан гирифтори бемориҳо мешавад.

«Фишорам баланд мешавад дар гармӣ. Мушоҳида кардам, ки агар ҳарорати ҳаво аз 30-35 дараҷа баланд равад, зуд бемор мешавам. Имрӯз аҳволам бисёр бад аст. Субҳ дору хӯрда, ба ҷойи кор омадам. Кор накарда намешавад. Рӯзгорро пеш бурдан лозим. Барои ҳамин доруҳоямро доим бо худ мегирам», - афзуд Санам Рӯзиева.

Вале пизишкон мегӯянд, ки гармии шадид бештар аз ҳама ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Хонуме бо номи Ҳаловат мегӯяд, ду фарзанди ноболиғаш бар асари ҳарорати беш аз 40-дараҷаии ҳаво офтобзада шуда ва бистарӣ гардидаанд: «Бинед, ки ҳаво аз 45 дараҷа ҳам баланд аст. Кӯдаконам аз гармӣ касал шуданд, барояшон дорухарӣ омадам ба дорухона. Худам ҳам офтобзада шудам. Либосҳои тунуки пахтагӣ мепӯшам, ба кӯдаконам ҳам ҳамин хел либосҳо мепӯшонам…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бо назардошти зимистони мушкил, ки бебарқию бегазию хонасардиҳо ба думбол дорад, тобистони ҳавояш 40-50-дараҷаӣ барояшон роҳаттар мебошад:

Мурод Муродов: - Барои ман, ки бозори Қӯрғонтеппа аробакашӣ мекунам, дар фасли гармо машғули кор будан ба осонӣ даст намедиҳад. Бисёр азоб мекашам. Аммо, ба фикрам, ин азоб дар зимистон дучанд аст…

Шариф Сафаров: - Гармӣ беҳтар аз сардист, чун одатан зимистонро мо бо сахтӣ дар хонаҳои сарду торик аз сар мегузаронем. Зимистони гузашта ҳар рӯз корам ба дорухона ва духтур меафтод, ҳоло шукр, ки ба гармӣ расидем.

Баҳодур Талбиев: - Мо аз офтоб баҳра мегирем, тарбуз, харбуза, ҳама меваҳо мепазанд. Мавсими тӯю сур фаро мерасад. Барқро дар хонаҳоямон намекушанд. Ин магар бад аст?! Омодаам, ки гармии 50-60-дараҷаиро сабр кунам ва дуо мекунам, ки зимистон ҳарчи дертар бирасад…

Муҳаммад Солеҳ: - Гап дар гармию сардӣ нест. Мардум, ки аз норасоии ғизо азият мекашад, хоҳ гармӣ бошаду хоҳ сармо, касал мешавад. Агар маводи серкалория истеъмол кунем, шароити зиндагиамон хуб бошад, ҳеҷ гоҳ касал намешавем, иншоаллоҳ. Ҳама гап дар хӯрдан ва дар шиками сер аст…

Дар ҳамин ҳол, пизишкон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки шӯълаи офтоб дар баробари асароти манфӣ, барои муолиҷаи бархе аз бемориҳо низ муфид мебошад. Майсара Баротова, пизишки собиқадори бемориҳои сироятӣ аз Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ин иртибот гуфт:

«Гармӣ аз як тараф барои одам фоида ҳам дорад. Агар одам сармозада ё ягон узви баданаш шамол хӯрда бошад, ҳавои гарм барояш судовар аст. Арақ мекунад, моддаҳои нодаркор, «шлаки» мегӯем, аз организмаш хориҷ мешаванд. Гармӣ устухонҳоро мулоим мекунад, ба мушакҳо фоида дорад. Ҳамчунин ба кӯдакҳое, ки дар организмашон витамини Д намерасад, шуои офтоб намерасад, дар пӯсти бадани кӯдак фотосинтез меравад, мо тавсия медиҳем, ки дар ҳавои офтобӣ гардонед…»

Бо таваҷҷӯҳ ба гармоиши ҳаво дар водии Вахш, хусусан дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷилликӯл ва Носири Хусрав, пизишкони Хатлон аз сокинони маҳаллӣ даъват кардаанд, дар баробари вазъи сиҳҳатии худ ва фарзандон масъулияти бештар дошта бошанд.

Як чунин ҳушдорро мақомоти ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон низ ба волидон додааст. Зеро ба иттилои Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди мазкур, дар зарфи як моҳи охир 8 мавриди ғарқшавии кӯдакон дар рӯдхонаҳои вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки то ҳанӯз ҷасади ду нафар аз онҳо пайдо нашудааст.

Дар водии Вахш рӯдхонаҳо бисёр буда, дар мавсими гармо одатан кӯдакон ба хотири оббозӣ ва худро салқин кардан дар ҳарорати баланди ҳаво ба соҳили дарёҳо мешитобанд. Аммо бинобар беэҳтиётӣ, баъзан, чунин фоҷеаҳо рух медиҳанд.