Лаҳистону Украина, мизбонҳои Euro-2012 дар талоши рафъи нигаронии кишварҳои аврупоӣ ва тарси мухлисонанд.
Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, рӯзи панҷшанбе нахустин узви сиёҳпӯсти парлумони кишвар, зодаи Нигерия Ҷон Годсонро ба тарабхона даъват кард, то ба ин васила ба нигарониҳои мухлисони футбол аз афзоиши бегонаситезӣ ва адовати қавмӣ дар кишвараш хотима гузорад.
Ҳам Лаҳистон ва ҳам Украина барои бегонаситезии мухлисони футболашон ҳадафи танқиди ҷомеъаи аврупоӣ қарор доранд. Аммо муштзани маъруфи фаронсавӣ ва зодаи Конго Дудоу Нгомбу дар арафаи ифтитоҳи бозиҳо бо ҳазорони мухлисони дар маркази Варшава ҷамъомада пайваст ва аз истиқболи гарми онҳо изҳори хушнудӣ карда гуфт, “ман эҳсос мекунам, ки мардуми ин ҷо ба нажоди кас парвое надоранд. Фикр мекунам, ки Лаҳистон дар ин маврид дар сатҳи боло қарор дорад, зеро ман африқоиям ва касе аз пайи озори ман нест ва маро хуш истиқбол мекунанд”.
Ҷоана Муха, вазири варзиши Лаҳистон изҳор намуд, ки Евро 2012 -сангинтарин чорабиниест, ки тайи даҳсолаҳои ахир Лаҳистон ташкил кардааст. Аммо ӯ афзуд, ҳама сохторҳо ва хадамоти амниятӣ ба шумули 12 ҳазор кормандони полис ба ҳар тағйири вазъ ва рафъи бенизомиҳо миёни мухлисон омодаанд.
Интизор меравад, аз 8 июн то 1 июл садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ, асосан мухлисони футбол, вориди Лаҳистон шаванд. Аммо теъдоди сайёҳон дар Украина ба карат камтар хоҳад буд, зеро бар асари қиммати болои меҳмонхонаҳо ва норозигиҳо аз ҳукми додгоҳии нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко ҳазорон мухлисони футбол тасмими худ барои сафар ба ин кишварро бознигарӣ кардаанд. Ҳатто як гурӯҳ мансабдорони аврупоӣ, ки ҳабси хонум Тимошенкоро дорои ангезаи сиёсӣ мехонанд, хостори таҳрими бозиҳои чемпионати Аврупо оид ба футбол дар Украина шуд.
Ҳукумати Бритониё рӯзи панҷшанбе эълом дошт, ки ба нишони эътироз алайҳи «беадолатии додгоҳӣ» ягон вазири кишвар дар бозиҳои дастаи футболи Англия дар Украина ҳузур нахоҳанд дошт. Юлия Тимошенко бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом зимни бастани созиши газ бо Русия ба 7 соли маҳбас маҳкум шудааст.
Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович низ чун раҳбарони Лаҳистон талоши ҷилавгирӣ аз идомаи интиқоди кишварҳои аврупоиро дорад. Дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ ӯ аз омодагиҳо ба Евро-2012 ситоиш кард ва аз ҷумла, ба шурӯи ҳаракати қаторҳои баландсуръат таъкид кард, ки аз ин баъд чаҳор шаҳри мизбони бозиҳо – Киев, Лвов, Донетск ва Харковро бо ҳам мепайванданд. Виктор Янукович ҳамчунин аз шаҳрвандони Украина хоҳиш намуд, ки мардуми меҳмоннавоз будани худро намоиш диҳанд.
Ӯ гуфт: «Рӯзҳои оянда таваҷҷӯҳи олам рӯи кишвари мо хоҳад буд. Ман аз шумо мехоҳам, ки меҳмоннавозии ҳақиқии украинӣ ва самимияту муҳаббати худро намоиш диҳед. Мо бояд меҳмонон ва ширкаткунандагони бозиҳоро ба таври шоиста истиқбол кунем». Виктор Янукович афзуд, «муносибати миёни Украина ва дигар кишварҳо ба он марбут хоҳад шуд, ки дар зеҳни онҳо чӣ хотироте аз мо боқӣ мемонад».
Дар Евро -2012 шонздаҳ даста ширкат мекунанд, ки ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи холҳои бештаррро соҳибшуда муборизаро барои дарёфти унвони қаҳрамони Аврупо идома хоҳанд дод.
Сабқати футболи Аврупо рӯзи 8 июн дар Лаҳистон бо бозии дастаи мизбон бо тими Юнон ва бозии миёни футболбозони Русияву Ҷумҳурии Чех шурӯъ мешавад. Рӯзи шанбе дар Украина дастаҳои Ҳуланду Дания ва Олмону Португалия бо ҳам бозӣ мекунанд.
Охирин омодагиҳои Киев ба оғози мусобиқаҳои Ҷоми Аврупо 2012:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад