Дар Душанбе дави миллӣ баргузор шуд

Рӯзи якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон дави миллӣ анҷом гирифт. Дави миллӣ ҳар сол рӯзи якшанбеи ҳафтаи севвуми моҳи май баргузор мешавад. Бино ба дастури раиси ҷумҳур, дар ҳамаи шаҳрҳо ва манотиқи кишвар дар як вақт соати 9-и субҳ ин дав шурӯъ мешавад. Дави рӯзи якшанбе аз посгоҳи пулис дар маҳаллаи Чаҳорбоғ оғоз ёфт ва дар Иппадроми Душанбе ба поён расид. Ин масофа 10 километрро ташкил медиҳад. Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.