Суқути чархболи низомии амрикоӣ дар Афғонистон

Дар ҷанубу ғарби кишвар як чархболи амрикоӣ бо чаҳор сарбоз суқут кард. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин ҳодиса ба сарбозону сарнишинҳо осебе расидааст ё не.

Низомиёни баландпояи амрикоӣ бар асари тирборони ҷангҷӯён суқут кардани чархболро байид намедонанд ва аммо айни ҳол фарзияи аслӣ – ба замин сарозер шудани он бар асари номусоидии ҳаво эълон шудааст.

Макони суқути чархбол таҳти назорат қарор дорад. Таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст..