Ба гузориши телевизиони Покистон, бештар аз 150 сарбози артиши ин кишвар дар яке аз минтақаҳои дурафтодаи Ҳимолой зери баҳман ва ё тарма мондаанд. Бино ба хабарҳо, баҳман пойгоҳи низомиии ин сарбозонро зер карда ва ё ба муҳосира гирифтааст. Мақомоти расмии Покистон вазъи мазкурро шарҳ надодаанд. Ҳодиса дар минтақаи Сиачени вилояти Кашмири таҳти контроли Покистон рух додааст, ки Ҳинду Покистон сари ин вилоят борҳо ҷангидаанд. Гуфта мешавад, қурбониҳои зимистони сарди Сиачен назар ба даргириҳо миёни ду тараф бештар аст.