Боз як қурбонии тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Бар асари рехтани тарма дар километри 79-уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд як нафар ҳалок ва якеи дигар сахт захмӣ шуда, ду нафар беномунишон боқӣ мемонанд. Дар натиҷаи ин офат 13 мошин зери тарма мондаанд. Душанбе –Хуҷанд танҳо роҳи иртибототӣ байни марказ ва шимоли Тоҷикистон аст.