Ба ҳар сурат, ба гуфтаи коршиносон, агар Узбакистон барои додани газ розӣ нашавад, танҳо роҳе, ки боқӣ мемонад, интиқоли газ аз Қӯрғонтеппа ба Регар ва истифода аз ангишт хоҳад буд. Мақомоти Тоҷикистон низ дар талошанд, роҳи истифода аз манобеи алтернативиро фароҳам кунанд. Ба ин манзур, қарор аст, рӯзи 4-уми апрел "Қонуни ангишт" дар Маҷлиси Намояндагон марвиди баррасӣ қарор бигирад ва қабул шавад. Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард тонна захираи ангишт дорад. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам кардани замина барои гузаштан ба истифодаи ангишт ба унвони як манбаи аслии энержӣ мебошад.
Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси Намояндагон ва аз муаллифони тарҳи мазкур мегӯяд, "бо таваҷҷуҳ ба он эмбаргое, ки аз сӯи ҳамсоя шуда истодааст, моро ҳаёт маҷбур мекунад, ки ба истифодаи ангишт рӯ орем ва аз он бештар истифода барем. Корхонаҳои саноатӣ, аз қабили корхонаи семент, корхонаи хишт, корхонаи алюминий ба таври таъҷилӣ бо истифода аз имконотӣ дохилӣ бояд барои бо қувваи ангиштсанг ба роҳ мондани тавлидот ба ҷои газ махсус гардонида шаванд."
Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков феълан Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор тонна ангишт тавлид мекунад ва дар сурати дар авлавият қарор додани ин соҳа метавонад дар зудтарин фурсат ангиштро ҷойгузини гази табиӣ ва дар бархе маврид нафт кунад. Имтиёзе, ки Тоҷикистон дорад, ин аст, ки мегӯянд, коршиносон аксари конҳои ангишти кишвар конҳои боз ҳастанд ва дар рӯи замин ва барои коркарди онҳо кофтани замин зарурат надорад. Фақат сохтмони роҳҳо барои интиқоли он бояд ба зудӣ анҷом шавад.
Аммо аз сӯи дигар бархе коршиносон эътиқод доранд, ки имрӯз мавзӯи манобеи энержӣ аз масъалаи иқтисодӣ фаротар рафта ва ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Қатъи интиқоли газ аз Узбакистон умтадан ангезаи сиёсӣ дорад. Ба ин васила Узбакистон мехоҳад, то мақомоти Тоҷикистон ба хостаҳои он гӯш фаро диҳанд.
Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани ҳимоят аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "аз як тараф Русия нархи сӯзишвориро баланд кард, аз сӯи дигар Узбакистон газро қатъ намуд. Ба назарам, ин ҷо фишорҳои сиёсӣ ҳам ҳастанд. Зеро Тоҷикистон дар чанд маврид, аз ҷумла дар масъалаи Роғун ба онҳо имтиёз надода истодааст. Барои ҳамин фишор ворид мекунанд. Як масъалаи дигар ҳам ҳаст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе тавофуқ карданд, ки роҳ боз мекунем. Шояд акнун Узбакистон мехоҳад иқтидори худро нишон диҳад."
Ба ҳар сурат, агар имрӯз музокироти ду ҷониб барои аз сар гирифтани интиқоли газ ба натиҷа нарсад, сангинтарин зиён ба корхонаи Талко ва кохонаи тавлиди сементи Душанбе ворид хоҳад шуд. Аммо бо интиқоли дубораи газ корхонаи семент метавонад тавлидотро дубора фаъол намояд. Вале коршиносон мегӯянд, дар сурати қатъи газ ва аз кор мондани дегҳои алюминигудозии Талко, дубора фаъол кардани ин корхона мушкили азиме пеш хоҳад овард.
Талко бузургтарин корхонаи санъатии минтақа ва яке аз даҳ корхонаи муҳимтарини тавлидкунандагони алюминий дар ҷаҳон мебошад. Ин корхона солона имкони тавлиди то 450 ҳазор тонна алюминийро дорад. Содироти алюминий 60 дарсади ҳаҷми умумии содироти моли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Масъулини Талко иддао мекунанд, ки воридоти аслии арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз содироти алюминий ба даст меояд. Аммо роҷеъ ба масрафи даромади ин корхона ва мизони молиёт (андоз)-и он баҳсу гуфтумон ва шубҳаву гумони зиёде дар расонаҳо вуҷуд дорад.