Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти нави инфиҷор дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанберо нашр кард.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи якшанбе дар ин минтақа амалиёти вижаи боздошти раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ, сокини 44-солаи ноҳияи Ваҳдат Худойназар Одинаев сурат гирифт, ки ҳафт сол боз барои куштору ғорату авбошӣ мавриди пайгарди қонун қарор дошт.
Бар пояи хабари вазорат, ки Азия-плюс овардааст, "Одинаев ба талаби кормандони милиса барои таслим нашудан итоат накард ва аз киссаш норинҷакро берун овард. Кормандони милиса ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми бегуноҳ сӯи Одинаев оташ кушоданд. Норинҷак аз дасташ афтод ва инфиҷор кард".
Худойназар Одинаев ҷароҳати вазин бардошт ва баъдан аз олам даргузашт.
Вазорати умури дохилӣ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса ба ягон сокини маҳаллӣ ва кормандони милиса осеб нарасидааст.