Корхонаи нави ҷавоҳирот дар Консои вилояти Суғд

Дар шаҳраки Консои вилояти Суғд дар 40 километрии Хуҷанд корхонаи тавлиди ҷавоҳироти тиллоӣ боз мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст. Ин корхонаи навро ширкати “Равшан” боз хоҳад кард. Ҳоло таҷҳизоти зарурӣ ба корхона оварда шудааст ва насби он идома дорад. Дар ин корхона дар оянда 40 нафар кор хоҳанд кард ва аз маводи хоми маҳаллӣ ҷавоҳирот тавлид хоҳанд кард. Дастмузди миёнаи онҳо 1000 сомониро ташкил хоҳад кард.