Сарбозе, ки 16 нафарро кушт, хоҳиши хидмат надоштааст

Вакили ҳуқуқие, ки қарор аст, аз сарбози амрикоӣ-кушандаи 16 шаҳрванди Афғонистон дифоъ кунад, мегӯяд, шахси зерҳимояи ӯ хоҳиш надошт, бори чаҳорум ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шавад. Вакил Ҷон Ҳенрӣ Браун гуфт, ин сарбоз пештар ду бор захмӣ шудааст ва ӯву хонаводааш бар ин буданд, ки мӯҳлати хидмати ӯ ба охир расидааст. Браун гуфт, дар бораи ҷузъиёти тирандозӣ ва куштори охири ҳафтаи гузашта маълумоти кам дорад, аммо хабарҳоеро рад кард, ки омезае аз шароб, афсурдагӣ ва мушкилоти хонаводагӣ сабаби “таркиш”-и равонии сарбоз шудаанд. Вай гуфт, аҳли оилааш аз ҳама гуна мушкили майзадагӣ огаҳӣ надорад ва вазъи оилавияш “саодатмандона” будааст.