Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Ҳумси Сурия даҳҳо нафар ғайринизомиён, ба вижа занону кӯдакон кушта шудаанд. Мухолифон нируҳои режимро муттаҳам мекунанд, ки онҳо ба “қатли ом”-и 50 нафар даст задаанд, то тазоҳуроти зидди режимро фурӯ нишонанд. Ин тазоҳурот тақрибан як сол идома дорад. Матбуоти давлатии Сурия барои ин кушторҳо “гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ”-ро муттаҳам кардаанд. Гузориши ҳеҷ як аз тарафҳоро манобеи мустақил таъйид накардаанд, зеро дар дохили Сурия гузоришдиҳӣ маҳдуд шудааст.