Тоҷикистон -Кореяи шимолӣ 0:2

Имрӯз тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АFC-2012 дар Непал аз Кореяи шимолӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Тӯбҳоро дар дақиқаи 5 Пак Нам Чол ва дар дақиқаи 86 Кук Чол заданд. Баъди ду давр дар гурӯҳи В Кореяи шимолӣ бо 6 имтиёз пешсаф аст. Вале Тоҷикистон, ки дар бозии аввал бар Ҳинд пирӯз шуд, ҳанӯз шонси ба даст овардани роҳхати дувум ба марҳалаи баъдии сабқатро аз даст надодааст.