Дар ҷангҳое дар ҷануби Яман 30 сарбози давлат ва 14 мусаллаҳе, ки гумон меравад, ситезаҷӯёни ал-Қоидаанд, ба ҳалокат расидаанд. Даргириҳо дар вилояти Абён дар ғарби маркази вилоят Зинҷибар ба вуқӯъ пайвастаанд. Ин шаҳр, гуфта мешавад, аз моҳи май ба ин сӯ зери тасарруфи мусаллаҳони ал-Қоида аст.