Фармондеҳи нирӯҳои нақлиётии Амрико гуфт, Покистон бояд масирҳояшро барои НАТО боз кунад, то Амрико битавонад барномаи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон то поёни соли 2014-ро такмил кунад. Генерал Вилям Фрейзер гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамлу нақли таҷҳизоти Амрикоро тавассути қаламравҳои худ иҷоза додаанд, аммо на таслиҳотро. Ӯ афзуд, Русияву Узбакистон низ ба транзити таҷҳизот аз афғонистон иҷозат медиҳанд. Вазири дифоъи Бритониё Филлип Ҳаммонд дирӯз мавзӯъи хуруҷи таҷҳизоти нирӯҳои кишварашро дар Тошканд бо мақомоти Узбакистон баҳс кардааст.