Суиқасд ба ҷони Путин ноком шуд

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Русия гузориш дод, ки хадамоти кашфи Русия ву Украина якҷо суиқассдеро ба ҷони Владимир Путин-нахуствазири Русия ошкор кардаанд. Гурӯҳе аз суиқасдкунандагон, ки боздошт шудаанд, талош доштааанд, баъд аз интихоботи 4 марти раёсати ҷумҳурӣ Путинро дар Маскав ба қатл расонанд. Шабакаи аввали телевизион рӯзи душанбе навореро ба намоиш гузошт ва дар он ду боздоштшуда мегӯянд, ки онҳо аз Доку Умаров-ҷангсолори чечен дастур гирифта буданд, то Путинро бикушанд. Дар гузориш гуфта мешавад, суиқасдкунандагон ин суиқасдро барои ҳафтаи оянда, яъне баъд аз интихоботи 4 марти раёсати ҷумҳурӣ тарҳрезӣ карда будаанд. Бино ба ин гузориш, суиқасдкунандагон аз Имороти Мутттаҳидаи Араб тавассути Туркия ба Украина ба шаҳри Одесса ба соҳили Баҳри Сиёҳ омадаанд. Яке аз суиқасдкунандагон моҳи январ дар инфиҷоре кушта шудааст. Дмитрий Песков-сухангӯи Путин ин гузориши хабаргузориҳоро таъйид кард, вале аз додани ҷузъиёт саркашӣ кард.